Муҳокимаи масоили муҳоҷирати меҳнатӣ
Душанбе, 16.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Назирмад Ализода ва вазири тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қазоқистон Тамара Дуйсенова самтҳои ҳамкорӣ дар бахши тандурустӣ ва муҳоҷирати меҳнатиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот дар мавриди табодули таҷрибаи байни мутахассисон, тарҳрезии маҷмӯи чорабиниҳои муштарак перомуни масоили беҳдошти тансиҳатии модару фарзанд, мубодилаи иттилоот аз рӯи бемориҳои хавфноки сирояткунанда, танзими муштараки чорабиниҳо ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда, ки дар натиҷаи онҳо зарурати рсонидани ёрии тиббӣ ва роҳандозии тадбирҳои санитарию эпидемиологӣ ба миён меояд, ҳусни тафоҳум ба даст омад.
Тамара Дуйсенова зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон қонуни амалкунандае арзи вуҷуд дорад, ки масоили ҷалби коргарони хориҷӣ, аз ҷумла ҷалби кормандони мавсимии хориҷӣ ба кишварро танзим менамояд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили такмили қонунгузорӣ нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон муваққатан кор мекунанд, муҳокима шуданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






