Муҳокимаи вазъи вобаста ба моддаҳои кимиёвӣ дар минтақа
Душанбе, 19.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Масъалаҳои вазъи вобаста ба моддаҳои кимиёвӣ дар минтақа, аз ҷумла дар Афғонистон роҳҳои инкишоф додани ҳамкорӣ дар самти муборизаи дастаҷамъона бар зидди муомилоти ғайриқонунии интиқоли моддаҳои кимиёвӣ дар вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои минтақа оид ба баргузории барномаи минтақавии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва давлатҳои ҳамсоя, ки дирӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар баргузор гардид, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар вохӯрӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва зиддимухаддиротии Эрон, Афғонистон, Чин, Тоҷикистон, Покистон, Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил, инчунин намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ иштирок намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






