Муколамаи сатҳи баланд миёни ИА ва ОМ атрофи масъалаҳои амният

Март 12, 2015 10:02

Душанбе, 12.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- 11 март дар шаҳри Душанбе муколамаи дуюми сатҳи баланд оид ба масъалаҳои амният миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) баргузор шуд. Афғонистон ҳамчун меҳмони махсус ба ин муколама даъват шудааст.
Мулоқот дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ доир гашта, раисии онро муовини Котиби генералии Хадамоти корҳои хориҷии Аврупо хонум Ҳелга Шмид ба ӯҳда дошт. Дар муколама ҷанобони зайл ширкат варзиданд: муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Алексей Волков, муовини вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эринес Оторбаев, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Афғонистон Ҳекмат Карзай ва инчунин намояндагони Туркманистон ва Ӯзбекистон.
Иштирокчиён дар иртибот ба як зумра масъалаҳои асосии амният, ки ба Иттиҳоди Аврупо, Осиёи Марказӣ ва Афғонистон вобастагӣ дорад, мубодилаи афкор намуданд.  Cитезаҳои нав чун ифротгароӣ, ҷанговарони хориҷӣ, муҳоҷират, таҳдид ба сулҳу субот ва амнияти минтақа, ки ба гардиши ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва муборизаи алайҳи онҳо алоқа доранд, мубоҳиса шуданд. Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба фаъолгардонии кўшишҳои якҷоя дар ин маврид ва бардоштани тамоми масоили мазкур ба сатҳи ҳамкории минтақавӣ миёни Афғонистон ва Осиёи Марказӣ розигии худро изҳор намуданд.
 Муколамаи мазкур таҳкурсии наверо барои ҳалли масъалаҳои сиёсиву амниятии мавриди нигаронии муштарак, аз ҷумла хатароти терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва маводҳои кимиёвӣ, биологӣ, радиологӣ ва ҳастаӣ фароҳам овард. Иштирокчиён якдилии худро барои мустаҳкамгардонии ҳамкории минбаъдаи худ дар соҳаҳои зер изҳор карданд:
—           баҳори соли 2015 онҳо як маркази минтақавии намунавӣ дар Тошканди  Узбекистон барои пешгирии паҳншавии маводи кимиёвӣ, биологӣ, радиологӣ ва ҳастаӣ бунёд мекунанд;
—           моҳи март дар Брюссел ва моҳи май дар Бишкек онҳо шаклҳои нави ҳамкориро миёни коршиносони Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ барои мубориза алайҳи терроризм ва экстремизми зӯровар ҷорӣ мекунанд;
—           ба иштироки давлатҳои худ дар фаъолияти Маркази намунавии «Ҳидоя» дар Абу-Даби ҷиҳати мубориза зидди экстремизми зӯровар мусоидат мекунанд;
—           дар соҳаи идора сарҳадот ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тавассути ҳамоҳангсозӣ байни барномаҳои нави минтақавии Иттиҳоди Аврупо ба номи БОМКА, КАДАП (дар Осиёи Марказӣ) ва БОМНАФ (дар Афғонистон), ки минбаъд аз ҷониби созмонҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо бевосита амалӣ хоҳанд шуд, ҳамкориҳои худро  давом медиҳад;
—           давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи муҳоҷират ва масъалаҳои алоқадор таҷрибаи фаъолияти муассисаи Аврупоро оид ба муҳоҷират (MIEUX) мавриди омӯзиш қарор дода, дар «Раванди Прага», ки байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои дигар доир шуд ва ҳоло аз ҷониби Полша пешбарӣ мешавад, ҳамкории худро густариш мекунанд.

Март 12, 2015 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд