Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Чин Жан Юнтсузун

Март 3, 2015 14:20

Душанбе, 03.03.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Дирўз  Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо  ноиби  директори  генералии   Гурўҳи  ширкати 19-уми Ҷумҳурии  мардумии Чин  Жан  Юнтсузун  мулоқот  кард.
Дар  мулоқот  масъалаи  иштироки  ширкати  мазкур  дар сохтмони нақбу пулҳои қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қўрғонтеппа мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар асоси дастуру супоришҳои  Президенти   Ҷумҳурии  Тоҷикистон  сохтмони қитъаи роҳи мазкур бояд моҳи сентябри соли 2016 пурра анҷом дода шавад.
Тавре ки таъкид гардид, новбаста аз шароити мусоид ва имконоти бузурги молиявию техникии ин ширкат  корҳои  оғози татбиқи лоиҳаи сохтмони  нақбу пулҳои қитъаи роҳи оҳан  нисбатан суст ба роҳ монда шудаанд.
 Дар робита ба ин қарор дода шуд, ки  аз  ҷониби ширкат нақшаи мукаммали  корҳо  таҳия  гардида,  дар  наздиктарин  фурсат корҳои сохтмонӣ  оғоз  мешаванд.  Ҳамзамон  дар  ҳамин  муҳлат  воридоти  техника  ва  таҷҳизоти   корӣ   пурра   таъмин  гардида,  барои  дар  муҳлати   муқарраршуда  ба  охир   расонидани  корҳо   тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд. 
 

Март 3, 2015 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад