Мулоқоти Рустам Назарзода бо Чарлз Ҷакоза
Душанбе, 31.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 30 марти соли 2015 дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар Рустам Назарзода бо ҳайати арзёбии Бюрои назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ИМА (INL) таҳти роҳбарии Чарлз Ҷакоза дирӯз дар шахри Душанбе вохӯрӣ намуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои самаранокии ҳамкории идораҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистон бо ҷузъу томҳои ҳаммонанди ИМА ва масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва гузаронидани амалиёти муштарак мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ба Бюрои назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ИМА барои расонидани кумаки амалӣ дар масъалаи таъминоти техникӣ ва омодасозии мутахассисони агентӣ арзи сипос баён гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






