Мулоқоти Рустам Назарзода бо Михаел Пабст
Душанбе, 12.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Директори Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар Рустам Назарзода бо афсари алоқаи Идораи Федеролии полиси криминалии Германия (БКА) оид ба Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон Михаел Пабст дирӯз дар шаҳри Душанбе мулоқот намуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои тамоюли рушди вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Осиёи Марказӣ, ҳамкории дуҷониба оид ба табодули иттилоот байни идораҳоро муҳокима намуданд.
Михаел Пабст омодагии худро барои гузоштани саҳми муносиб ба таҳияи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” баён намуд.
Дар анҷоми мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Идораи Федеролии Полиси Криминалии Германия баррасӣ гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






