Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Пан Ги Мун
Душанбе, 27.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- 26 марти соли 2015 дар қароргоҳи СММ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли СММ Пан Ги Мун доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла дар соҳаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва мусоидати СММ дар ин раванд, инчунин ширкат ва саҳми Тоҷикистонро дар муҳокимаву гуфтушунидҳо роҷеъ ба ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Дабири кулли созмонро бо раванди тадорукотии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ки 9-11 июни соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мегардад, шинос намуда, аз сохторҳои дахлдори СММ ҷиҳати ширкати фаъолона дар чорабинии мазкур даъват ба амал овард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






