Мусобиқаи футболи бонкдорони Суғд ба марҳилаи ј ниҳоӣ расид
Душанбе, 13.03.2015. (АМИТ “Ховар”). — Бозиҳои гурӯҳӣ дар мусобиқаи футболи байни дастаҳои низоми бонкии вилояти Суғд, ки 23 феврали соли ҷорӣ дар толори варзишии Абдураҳмони Ҷомӣ, воқеъ дар Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони “Шоҳин” -и шаҳри Қайроққум оғоз ёфтанд, ба поён расиданд ва 8 дастаи беҳтарин ба бозиҳои ј ниҳоӣ роҳхат гирифт. Хотиррасон мекунем, ки мусобиқа бо ширкати 14 дастаи низоми бонкии вилоят дар ду гурӯҳ ҷараён гирифт.
Дар гурӯҳи “А” дастаи “Рахш” (Шуъбаи минтақавии Бонки Миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд) дар ҳамаи 6 бозӣ ғалаба ба даст оварда, бо касби 18 хол ҷойи аввалро ишғол намуд. Дастаҳои футболи “Соҳибкорбонк”, “Эсхата -2” (собиқадорон) ва “Матин” мутаносибан ҷойҳои дуюм, сеюм ва чорумро ишғол намуданд.
Дар гурӯҳи “Б” «Эсхата» низ дар ҳамаи 6 бозӣ ҳарифонашро мағлуб карда, бо касби 18 хол ҷойи аввалро ишғол намуд. Се ҷойи баъдинаро дар ин гурӯҳ дастаҳои “Агроинвестбонк”, “Амонатбонк” ва “Рахш-2” (дастаи собиқадорони шуъбаи минтақавии Бонки Миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд) ишғол карданд.
Ҳамин тариқ, имрӯз, 13 март ду бозии аввалини ј ниҳоӣ баргузор мешавад. Дар ин рӯз дастаҳои “Рахш” ва “Рахш-2”, инчунин “Матин” ва “Эсхата” ба ҳам қувваозмоӣ мекунанд. Рӯзи шанбе дастаҳои “Соҳибкорбонк” бо “Амонатбонк” ва “Эсхата -2” бо “Агроинвестбонк” мусобиқа хоҳанд кард. Ғолибони ин ҷуфтҳо ба бозиҳои нимниҳоӣ роҳхат мегиранд. Бозии ниҳоӣ 18 март баргузор мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, бахшҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Агроинвестбонк” дар вилояти Суғд ва дастгирии Федератсияи футболи вилоят ба ифтихори ҷашни байналмиллалии “Наврӯз -2015” таҳти шиори “Барои футболи ростин, зебо ва боадолат” гузаронида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






