Мусодираи 47 кг маводи мухаддир
Душанбе, 17.03.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Чанд рӯз пеш як чанд нафар сокинони ҷумҳурӣ бо гумонбари гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуданд. Назар ба иттилои ВКД ҶТ, кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент ҳангоми азназаргузаронии истиқоматгоҳи сокини 23 — солаи маҳаллӣ Изатулло Ғаффоров 31 килограмм тарёкро пайдо намуданд.
Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии вилояти Суғд дар ҷараёни амалиёти дигари махсус дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд аз сокини 31 — солаи ноҳияи Рӯдакӣ Шералӣ Ҷалолов ва сокини 48 — солаи шаҳри Хуҷанд Сироҷиддин Шарифов қариб 9 килограмм ҳашишро мусодира намуданд. Ҳамчунин кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз сокини 43 — солаи шаҳри Душанбе Эмомалӣ Худойназаров 4 килограмму 876 грамм ҳашишро мусодира карданд.
Кормандони Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе се нафар сокинони ноҳияи Шуғнон — Мамадалибек Мақулшоев, Азаматшо Муносибшоев ва Аҳмад Лутфишоевро дастгир намуда, аз онҳо 2 килограмму 297 грамм ҳашишро мусодира намуданд.
Вазни умумии маводи мухаддири мусодирашуда 47 килограмму 14 граммро ташкил медиҳад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






