Нақли донишҷӯён дар бораи саҳми тоҷикистониён ба ғалаба дар ҶБВ
Душанбе, 30.03.2015. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- Гузоришҳои донишҷӯёни шуъбаи таърих ба муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дар бораи иштироки ҷанговарони тоҷик дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 -1945, перомуни саҳми онҳо ба Ғалабаи бузург мавриди таваҷҷӯҳи иштироккунандагнони Конфронси байналмилалии «Тоҷикистон дар муборизаи умумӣ баҳри ғалаба бар фашизм», ки 28 март дар Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, қарор дошт.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ, ки бо ибтикори Бунёди рушди «Институти таҳқиқи Авруосиё» ва намояндагии Ҳамкории Русия пайваста бо дастгирии Сафорати Русия ва Бунёди миллии хайрия сурат гирифт, бисёр лаҳзаҳои нави қаҳрамонии намояндагони халқи тоҷик дар муҳорибаҳои асосии Ҷанги Бузурги Ватанӣ зикр шуданд.
Аз ҷумла, донишҷӯён Дилноза Қуддусова, Манижа Саидтабарова, Аморат Шеҳмаҳмадова, Замира Ашӯрзода, Акмал Элчибоев дар бораи қаҳрамониҳои ҷанговарони тоҷик дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақл карданд.
Магистранти кафедраи таърихи ватани донишгоҳ Андрей Русин зимни маърӯзааш дар мавзӯи «Иштироки тоҷикон дар фаъолияти разведкавии солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дар бораи корнамоиҳои разведкачиёни тоҷик Раҳим Бурҳонов, ки солҳои ҷанг дар Олмон кор мекард, ва Маҳбуба Турсунова, ки ҳамроҳи ҳамсараш дар ҳудуди Афғонистон дар бораи кирдорҳои фашизм маълумоти муҳим ҷамъ меовард, сухан кард.
Ҳамаи иштирокдорони конфронс, ки дар байни онҳо Сафири фавқулодда ва мухтори ФР дар ҶТ И.С.Лякин — Фролов, Сафири Ҷумҳурии Беларус О.Гаврук, роҳбари Маркази илму фарҳанги «Россотрудничество», — и Русия О.Курнушко, директори намояндагии Бунёди «Институти таҳқиқи Авруосиё» дар ҶТ Г.Назарова ва дигарон ширкат доштанд, саҳми насли наврас дар омӯзишу тарғиби таърихи Ҷанги Бузурги Ватаниро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки ҳамаи гузоришҳои донишҷӯён ба маҷмӯаи маърӯзаҳои конфронс дохил карда шудаанд.
Аз рӯи натиҷаи конфронс Эъломияи хотимавӣ қабул шуда, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Форуми байналхалқии ғолибони «Ғалабаи бузурги ягонагӣ», ки 28 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав доир мешавад, таъйин гардид.








РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!






