Нахустин ҷаласаи иҷлосияи якуми МН МО ҶТ
Душанбе, 13.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-17 марти соли равон дар Душанбе ҷаласаи нахустини иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор мегардад.
Тавре ки аз палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагон имкон доранд, ки рӯзҳои 13,14 ва 16 марти соли равон дар шуъбаи ташкилии дастгоҳи Маҷлиси намояндагон аз соати 8:00 то 17:00 худро номнавис намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки Маҷлиси намояндагон палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон маҳсуб ёфта, 63 вакил дорад ва онҳо ба муҳлати панҷ сол интихоб мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






