Намоиши намудҳои нави маводи нашъаовари синтетикӣ
Душанбе, 2.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар Консерваторияи миллӣ ба номи Т. Сатторов вохӯрии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар бо устодон ва донишҷӯёни ин даргоҳи маърифат ҳафтаи гузашта баргузор гардид. Муовини роҳбари Агентӣ Ҳ. Маҳмудзода оид ба ҷанбаҳои тарбияи ҷавонон, натиҷаҳои таҳияи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, масъалаҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи ғайрирасмӣ, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, қонунвайронкунии маъмурӣ, пешгирии нашъамандӣ сухан намуд.
Мутахассисони агентӣ ба ҳозирин муаррифиномаҳоро оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва минтақа, оид ба ташаббусҳои зиддимухаддиротии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намудҳои нави маводи нашъаовари синтетикӣ намоиш доданд.
Дар чорабинӣ донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






