Нашри «Буҷаи давлатӣ ва журналистика»-и Ҷ. Муқим

Март 3, 2015 15:44

    Душанбе, 3.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Манижаи Баҳромзода).-Дар аввали моҳи март китоби нави профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷовид Муқим бо номи «Буҷаи давлатӣ ва журналистика» дар нашриёти «Озар» аз чоп баромад. Дастури таълимӣ аз 152 саҳифа иборат буда, он ба нақши давлат дар иқтисодиёти муосир, вазифаҳои иқтисодии давлат, таҳия, баррасӣ ва қабули буҷаи давлатӣ бахшида шудааст. Ҳамчунин дар дастур дар бораи даромаду хароҷоти буҷа, назорати молиявӣ метавон маълумот гирифт.  Муаллиф барои аёнияти мавзӯъҳои баррасишаванда аз матбуоти тоҷик мисолҳои мушаххас овардааст.
Китоби «Буҷаи давлатӣ ва журналистика» барои донишҷӯёни шуъбаву факултаҳои журналистика, ки дар мавзӯи буҷаи давлатӣ мавод менависанд, пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин аз он донишҷӯёни факултаҳои иқтисодӣ метавонанд истифода баранд. 
 

Март 3, 2015 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!