Наврӯз ва меҳмондории тоҷикона дар Хуҷанд
Душанбе, 17.03.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Бахшида ба Наврӯзи Аҷам дар шаҳри Хуҷанд корхонаю ташкилот ва муассисаҳои маркази вилоят иқдому ташаббусҳои наҷибро амалӣ менамоянд.
Тавре ки аз мақомоти иҷроияи маҳаллӣ иттилоъ доданд, роҳбарон, муассисони марказҳои савдо ва хизматрасонии хӯрокии шаҳр ният доранд, 21 март хони наврӯзӣ ороста, сокинон ва меҳмонони наврӯзи умумиҷумҳуриявӣ, ки имсол дар шаҳри бостонии Хуҷанд мегузарад, бо таомҳои ройгон меҳмондорӣ намоянд.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, бо мақсад дар тамоми нуқтаҳои хизматрасонии ҳудуди шаҳр дастурхони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ омода шуда, пешкаши иштирокдорони чорабиниҳои наврӯзӣ мегардад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 5 тарабхона, 41 қаҳвахона, 65 ошхона ва 11 чойхона фаъолият мебранд, ки ҳамаи онҳо дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз ба меҳмонону сокинони вилоят хизмат хоҳанд расонд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






