Нишасти Гурӯҳи техникии минтақавӣ дар бахши мубориза бо терроризм дар Истанбул
Анқара, 12.03.2015.( АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимзода). — 11 марти соли ҷорӣ дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия нишасти Гурӯҳи техникии минтақавӣ дар бахши мубориза бо терроризм дар чаҳорчӯби «тадбирҳои эътимодсози раванди Истанбул/Қалби Осиё» баргузор гардид.
Дар нишаст намояндагони Афғонистон, Озарбойҷон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Туркия ва Созмони Миллали Муттаҳид иштирок намуданд.
Тоҷикистонро дар нишаст сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов муаррифӣ кард.
Дар ҷараёни вохурӣ иштироккунандагони Гурӯҳи техникии минтақавӣ ҳолати амалисозии иҷрои чорабиниҳоеро, ки аз ҷониби ҷаласаи кормандони аршад дар шаҳри Боку қабул гардида ва дар Конфронси вазирон дар шаҳри Алмаато соли 2013 тасдиқ гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин бора ба мухбири махсуси АМИТ «Ховар» аз сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






