Озмуни оиладории ҷавонон
Душанбе,31.03.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Бахшида ба Соли оила 14 майи соли 2015 дар вилояти Суғд озмуни вилоятии «Фарҳанги оиладории ҷавонон» гузаронида мешавад.
Озмуни мазкур ба хотири тарғиби фарҳанги оиладорӣ ва рӯзгордорӣ, эҳтиром ба арзишҳои олии инсонӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, талқини ғояҳои хуби ахлоқиву маънавӣ, завқи зебоипарастии ҷавонон, тарғиби либосҳои миллӣ, одоби муошират ва эҳтироми ҳамдигар баргузор мегардад.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд озмун дар ду давр баргузор гардида, аввал дар сатҳи шаҳриву ноҳиявӣ ва даври дуюм дар сатҳи вилоятӣ гузаронида мешавад. Ба даври дуюми озмун иштирокчиёне, ки дар даври аввал ғолиб омадаанд, роҳ дода мешаванд. Озмун аз рӯи намудҳои «Фарҳанги оиладорӣ», «Рӯзгордорӣ», «Либоспӯшии миллӣ», «Одоби муошират» ва «Суруди «Алла» доир гардида, дар он ҷавонписарон ва ҷавондухтарони 18- сола ва оилаҳои ҷавони вилоят метавонанд иштирок намоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






