Парвариши 6 навъи лолаи ҳолландӣ дар Қӯрғонтеппа
Душанбе, 23.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Корхонаи ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунии шаҳри Қӯрғонтеппа дар майдони ду гектар парвариши 28 навъи гулҳои мавсимӣ, 6 намуди лолаи ҳолландӣ ва 5 навъи садбаргро ба роҳ мондааст.
Ба иттилои Маҳмадлатиф Дӯстов, сардори корхонаи мазкур, ҳамчунин бо ибтикори шаҳрдори Қӯрғонтеппа дар масоҳати 560 метри квадратӣ гармхонаи доимӣ бунёд шудааст, ки дар он зиёда аз 700 ҳазор ниҳоли доимӣ парвариш меёбад.
Феълан дар ин корхона 103 нафар фаъолият намуда, дар 8,9 гектар хиёбони маркази маъмурии вилоят ба ободонию сабзазоркунӣ машғуланд.
Ёдрас мекунем, ки корхонаи мазкур чанде пеш дар намоиш-фурӯши вилоятии ниҳолпарварон ширкат варзида, зиёда 13 ҳазор адад гули мавсимӣ, 300 дона арча, 250 кипарис, 250 мачвелин, 200 дона тӯя, дар маҷмӯъ ҳазор бех ниҳоли ороиширо ба фурӯш бароварда, дар миёни шаҳру навоҳии минтақа сазовори ҷойи аввал шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






