Пирӯзии паҳлавонони тоҷик аз «Ҷоми Дордой”

Март 20, 2015 11:09

Душанбе, 20.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Ҷоми Дордой”, ки дар пойтахти Қирғизистон — Бишкек баргузор шуд, паҳлавонони тоҷик се медали биринҷӣ ба даст оварданд. 
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки  бори дувум доир шуд, беш аз 300 варзишгар (марду зан) аз Қазоқистон Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тӯли се рӯз барои 14 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд. 
Гуфта мешавад, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа панҷ варзишгари ҷавон аз шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Спитамен намояндагӣ кард. Се нафари он — Азизи Муҳаммадризвон (66 кг), Хайрулло Расулов (73 кг) ва Суруш Каримов (81 кг) барои ҷойҳои севум бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. 
 
 
 
 

Март 20, 2015 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад