Покистону Тоҷикистон шарикони табиӣ ва стратегии КАСА -1000

Март 10, 2015 16:10

Душанбе, 10.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони тозаинтихоби панҷ давлати ҷаҳон эътимоднома қабул кард.  Сафири нави фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Тариқ Иқбол Сумро пас аз супоридани эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт: «Хеле хушнуд ва хушҳол аст, ки ҳамчун сафири нав эътимодномаи худро ба Президенти кишвари тоҷикон супоридааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро хонаи дуюми худ меҳисобад. Имрӯз ҷониби Покистон бо Тоҷикистон муносибатҳои сатҳи олиро барқарор намудааст ва Покистон ҳамеша ҳавасманди густариши ҳамкориҳо бо ин кишвар буда, дар ин самт аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад кард.
Табодул ва муносибатҳои тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Покистон хислати бештарро касб намудаанд ва ҳаҷми табодули мол дар соли 2011 аз 15 млн. доллар ба 90 млн. доллар дар соли 2014 расид, ки ин инъикоси тамоюли рушдкунандаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ байни ҳарду кишвар  мебошад».
Дипломати покистонӣ иброз намуд, ки таъмини рушду густариши ҳамкориҳо байни доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар аз самтҳои муҳими ҳамкориҳо хоҳад буд ва онҳо азм доранд, ки барои соҳибкорони ҳарду кишвар дар якҷоягӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои алоқаи ҳавоӣ, заминӣ ва роҳҳои оҳан талошҳои якҷоя сурат гиранд.  Покистону Тоҷикистон инчунин дар татбиқи амалии лоиҳаи КАСА- 1000 шарикони табиӣ ва стратегӣ маҳсуб меёбанд.
Тариқ Иқбол Сумро аз ҳамкориҳои кунунии Тоҷикистон ва Покистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки ҷиҳати равнақ бахшидан ба равобити ду ҷониб ҳамчун сафири навинтихоб ҷаҳду талош хоҳад кард.

 

Март 10, 2015 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар