Рӯзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Душанбе, 19.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати сеюмин солгарди ба фаъолият пардохтани китобхона рӯзи дарҳои боз баргузор гардид.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, намоиши китобҳои тозанашри илмиву адабӣ, маҷаллаву рӯзномаҳои соҳавӣ ба забонҳои мухталиф ва фурӯши китобҳо созмон дода шуд, ки хонандагони сершумор, бахусус наврасону ҷавонон аз он бархурдор гардиданд.
Ҳамчунин ба толорҳои хонишу марказҳои илмиву пажӯҳишӣ ва нуқтаҳои хизматрасонии дохили бино экскурсияҳо ташкил шуданд.
Дар натиҷаи шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои китобхона нафарони зиёде ба сафи хонандагони дониш пайваста шаҳодатномаи узвият гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон 22-юми апрели соли 2011 ба бинои нави пуршукуҳ дар маркази шаҳри Душанбе кӯчид ва вобаста ба шароиту имконоти бинои нав, фаъолияти худро густариш дод, ва сафи хонандагонаш даҳо маротиба зиёд гардид.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






