Рашт: Пешниҳоди маҳсулот бо нархи арзон
Рашт, 13.03.2015. (АМИТ «Ховар», М. Ризвонов).- Агентии захираҳои давлатии моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳоит, Ҷафр, Навдӣ, Қалъаи Сурх, Нусратулло Махсум ва шаҳракҳои Ғарму Навобод нуқтаҳои фурўши маҳсулоти ғизоӣ аз ҷумла орду биринҷ, равған, шакарро кушода, бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши харидорон намудааст.
Чунин иқдом аз як тараф ба пешгирии болоравии нарх мусоидат намояд, аз тарафи дигар имконият фароҳам овардааст, ки 21 нафар сокини ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардад.
Чуноне ба хабарнигори мо масъули ин бахш Қ. Неъмонов иттилоъ дод, рўзҳои наздик нуқтаҳои фурўши маводи ғизоии агентии мазкур дар дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия низ кушода мешаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






