Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон дасти ёрӣ дароз мекунад
Душанбе, 30.03.2015. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- Тавре ки намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод ба АМИТ «Ховар» хабар дод, сохторҳои дахлдори Русия изҳор доштанд, ки барои аз Яман баровардани шаҳрвандони Тоҷикистон ёрӣ мерасонанд.
Мувофиқи суханони мавсуф, Сафорати Тоҷикистон дар ФР ба манзури иҷрои дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагиҳои дипломатии ҶТ дар хориҷа барои дидани ҳамаи чораҳои имконпазир бо мақсади аз Ямани ҷангзада баровардани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба дидани чораҳои зарурӣ шурӯъ кард.
«Алҳол аз ҷумлаи чанде аз кормандони дахлдори намояндагии дипломатӣ ситод таъсис ёфтааст, ки роҳбарии онро сардори хадамоти консулии Сафорати ҶТ дар ФР Ашраф Гулов ба ӯҳда дорад. Баъди гуфтушунид бо сохторҳои дахлдор Русия омодагии худро ба баррасии мусбати хоҳиши Тоҷикистон дар мавриди аз Яман баровардани шаҳрвандони мо иброз дошт. Ёддошти дахлдор ва рӯйхати шаҳрвандони ҶТ дар Яман ба Вазорати корҳои хориҷии ФР ирсол шудааст. Масъулони Вазорати корҳои хориҷии ФР изҳор доштанд, ки барои ҳалли ин масъала мадад хоҳанд кард», — зикр намуд Муҳаммад Эгамзод.
Қобили зикр аст, ки аксарияти духтурони тоҷик — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати ширкатҳои Русия, ки дар хориҷа ба масъалаи бо кор таъмин намудани мутахассисон машғуланд, ба Яман рафтаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






