Саҳми Тоҷикистон ба муборизаи умумӣ баҳри ғалаба
Душанбе, 20.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- 28 март дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 70 — солагии ғалаба бар фашизм бо иштироки коршиносони Русия ва Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Саҳми Тоҷикистон ба муборизаи умумӣ барои ғалаба бар фашизм» баргузор мегардад.
Ин чорабинӣ бо ибтикори Созмони ғайритиҷоратии Бунёди рушди «Институти таҳқиқи Авруосиё» ва Созмони ҳамкории Русия бо дастгирии сафорати Русия дар Тоҷикистон ва Хазинаи миллии саховат дар ҳошияи тайёрӣ ба Форуми байналмилалии ғолибон роҳандозӣ шуда, дар он собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, олимони таърихшинос ва коршиносони Русия ва Тоҷикистон, донишҷӯёни донишкадаҳои олӣ ва фаъолони созмонҳои ҷавонон, ҳамчунин ходимони фарҳанг, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва ВАО иштирок мекунанд.
Иштирокдорони конфронс масоили иштироки сокинони Тоҷикистон дар ҳифзи ватан, гиромидошти хотираи муборизаи қаҳрамононаи мардуми шӯравӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, рушди равобити касбии байни коршиносони ҷамъиятҳои мухталифи Русия ва Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Аз рӯи натиҷаи конфронс Эъломияи хотимавӣ қабул шуда, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Форуми байналмилалии ғолибон, ки 28 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав баргузор мешавад, таъйин гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






