Сатҳи чемпионатҳои Тоҷикистон баланд мегардад

Март 19, 2015 10:05

Душанбе, 19.03.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Минбаъд тамоми варзишгарон танҳо бо натиҷаи иштирокашон дар чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати тими мунтахаби кишвар ворид  мешаванд. Истисно дар чунин ҳолат танҳо дар сурати зарурати фавқулода дода мешавад. 
Ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати чемпионатҳои Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст. 
Бино ба иттилои Наврўз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, бо мақсади дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳои варзишӣ дар сатҳи шаҳр, минтақа, вилоят ва ҷумҳурӣ бо фармоиши раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тамоми федератсияҳои варзишӣ, сохторҳои маҳаллии кумита ва дигар воҳидҳои дахлдор вазифадор мешаванд, дар муҳлати то 50 рӯзи баргузории чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ таклифҳои худро ба кумита ирсол намоянд. 
Гуфта мешавад, тибқи ин фармоиш сохторҳои маҳаллии кумита барои муайян намудани дастаи мунтахаби вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби варзишгарон марҳилаи интихобиро баргузор намуда, бо муайян кардани варзишгарони беҳтарин онҳоро барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ сафарбар намоянд.
Ҳамчунин дар фармоиши мазкур аз масъулини соҳа тақозо мешавад, ки кушодашавии тамоми чорабиниҳои варзиширо бо оҳанги ифтихории Суруди миллӣ оғоз карда, раисони федератсияҳои варзишиву дигар ташкилотҳои ҷамъиятии соҳаи варзиш дар кушодашавии чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ шахсан иштирок варзида, ба иштирокчиён доир ба мазмун ва моҳияти намуди варзиш ва корҳои ба анҷомрасонда барои рушди он дар кишвар маълумот манзур намоянд. 
Ҳамзамон масъулин иштирокчиёнро барои пешбурд ва таблиғи тарзи ҳаёти солим даъват намуда, 15 рӯз пеш аз баргузории чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи тарғиботиро вобаста ба намуди варзиш, ҷой ва макони баргузории он дар байни шаҳрвандон паҳн менамоянд.
 
 

Март 19, 2015 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад