Шиносоии Зариф Ализода бо раванди интихобот
Душанбе, 02.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Субҳи рўзи 1-уми март Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода барои овоздиҳӣ дар маъракаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халќи шаҳр ва ноҳия ба участкаи интихоботии №5 ноҳияи Фирдавсӣ рафта, овоз дод.
Сипас Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни овоздиҳӣ аз якчанд участкаи интихоботии шаҳри Душанбе дидан намуд.
З.Ализода бо ҳайати кормандони масъули дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо кори участкаҳои интихоботии №№1; 8; 4; 12; 13 ва 31 ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино дар биноҳои Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, МД «Душанбе-Плаза», Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 шинос шуда, бо масъулини участкаҳои интихоботӣ, нозирони миллӣ ва байналмилалӣ, ки раванди интихоботро назорат мекарданд атрофи масъалаҳои ташкили кори участкаҳо, муҳайё намудани шароит барои нозирони байналмилаливу миллӣ ва намояндагони васоити ахбори оммаи хориҷӣ ва ватанӣ суҳбат намуд.
Кор дар участкаҳои интихоботии мазкур бо инобати меъёрҳои интихоботи демократӣ ва озоду шаффоф ба роҳ монда шуда, шаҳрвандони кишвар бо истифода аз ҳуқуқи интихоботии худ дар раванди баргузории интихобот фаъолона иштирок доштанд.
Дар ин бора кормандони дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
С. Қодиров ва А. Солиев хабар доданд,








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






