Сокинони Хатлон ба масъалаи муҳоҷират таваҷҷуҳ доранд
Душанбе, 24.03.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бино ба иттилои сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Абдуллои Қодирӣ, гурўҳи кории кормандони Хадамоти муҳоҷират бо роҳбарии муовини якуми сардори хадамот Муқим Ниёзов дар моҳи март ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қурғонтеппа сафар намуд.
Гурӯҳи корӣ нахустин мулоқотро аз ноҳияи Ёвон шурўъ намуда, дар маҷмўъ бо 2615 нафар шаҳрванди ноҳияҳои минтақаи Қурғонтеппа вохўрӣ ва сўҳбат гузаронида, ба онҳо зиёда аз 3 ҳазор маводи иттилоотӣ, аз ҷумла: буклетҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муҳоҷиратро тақсим намуд.
Қобили зикр аст, ки чунин вохўриҳо ва суҳбатҳо бо шаҳрвандон ба мақсад мувофиқ буда, барои васеъ кардани дониши ҳуқуқии он муҳоҷирони меҳнатие, ки ба хориҷи кишвар азми сафар доранд, айни муддаост.
Сокинони ин шаҳру ноҳия ба вохӯрӣ таваҷҷуҳи зиёд доштанд, ки ин шаҳодати ба иттилооти бештар ниёз доштани онҳост.
Лозим ба ёддоварист, ки ҳамаи масъалаҳо дар бораи қоидаҳои будубош ва навовариҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Русия, тарзи пур кардани варақаҳои муҳоҷиратӣ дар фурудгоҳҳо, роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ, супоридани тест (имтиҳон) аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории ФР, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ва бо шиносномаҳои хориҷӣ сафар кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия ва гирифтани Патент, Сертификат ва ғайра аз ҷониби гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират ба мардум фаҳмонида шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






