Супоридани шаҳодатномаҳо ба муҳоҷирони меҳнатӣ
Душанбе, 13.03.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 12 марти соли 2015 дар филиали Донишкадаи энергетикии Маскав дар шаҳри Душанбе бори нахуст дар фазои тантанавӣ маросими супоридани шаҳодатномаҳо ба муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия доир гардид.
Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Маҳмадуллоев , сардори Хадамоти муҳоҷирати вазорат Анвар Бобоев ва роҳбари Намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон В.Маркевич иштирок доштанд.
Бояд зикр кард, ки Маркази тестии филиали Донишкадаи энергетикии Маскав дар шаҳри Душанбе сеюмин марказест, ки ба супоридани шаҳодатномаҳо шурӯъ намудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






