Супоридани Шаҳодатномаи пойтахти фарҳангӣ ба шаҳри Кӯлоб
Душанбе, 16.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳафтаи гузашта ҷаласаи тадорукотии истиқболи Иди Наврӯз баргузор гардид.
Дар ҷаласа масоили омодагӣ ба ҷашни Наврӯз, ки бо назардошти ташрифи меҳмонон дар доираи интихоб шудани шаҳри Кӯлоб ба ҳайси «Пойтахти фарҳангии ИДМ» рӯзи 25 март баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Гуфта мешавад дар рӯзи истиқбол аз иди Наврӯз дар Кӯлоб як ҳайати калони меҳмонон аз давлатҳои муштаракулманофеъ ва Фонди гуманитарии ИДМ ба хотири супоридани «Шаҳодатнома»-и пойтахти фарҳангӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф меоранд. Вобаста ба ин, дар шаҳри Кӯлоб омодагиҳо барои қабули меҳмонон ва истиқболи иди Наврӯз дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ ҳамаҷониба идома доранд.
Ҳамчунин дар доираи соли пойтахти фарҳангӣ эълон шудани шаҳри Кӯлоб баргузории бештар аз даҳ чорабинии бузург бо ширкати ҳунармандону эҷодкорон, олимону шоирони мамолики мушаракулманофеъ дар назар аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






