Супориши Президент ба зиёиёни кишвар
Душанбе, 20.03.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-«Равшанфикрони мо вазифадоранд, ки барои шарҳи нуктаҳои Паём саъю талоши бештар намуда, ҷиҳати рушди Тоҷикистони азиз, пойдории суботи сиёсӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва таблиғи ғояҳои миллӣ кӯшиш намоянд»,-зикр намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 19 март зимни суханронии хеш дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат.
Сарвари Давлат ҳамчунин изҳор дошт, ки пеш аз ҳама, ба омӯзгорон такя намуда, вазифаи онҳоро ба сифати равшанфикрони пешқадам дар дуруст ва самаранок ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон мебинем. Онҳо вазифадоранд, ки наслҳои ояндаро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, заҳматдӯстиву ҳимматбаландӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкиму пойдории забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд.
«Махсусан, зарур аст, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо такя ба омӯзгорони деҳот барои баланд бардоштани мақоми зиёиёни деҳот аз ҳисоби омӯзгорон, кормандони соҳаи фарҳанг, табибон ва дигар табақаҳои иҷтимоӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд»,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






