Тақвияти рақобатпазирии корхонаҳои хурду миёна

Март 20, 2015 13:17

Душанбе, 20.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Сармоягузорӣ ва рақобатпазирӣ дар Осиёи Марказӣ, дар маркази таваҷҷуҳ -Тоҷикистон»- таҳти ин унвон дар меҳмонхонаи «Sheraton»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Барномаи «OECD» ва дигар шарикони рушд муаррифии ду роҳнамо оид ба тақвияти рақобатпазирии корхонаҳои хурду миёна ва самаранок истифода намудани интиқоли пулӣ баргузор шуд, ки масъулин ва доираи васеи ташкилотҳои сармоягузориву бонкҳоро ҷамъ овард. 
Дар мизи мудаввар масъалаҳои ташаккули содироти маҳсулоти корхонаҳои хурду бузурги кишвар, беҳтар намудани фаъолияти кооперативҳое, ки дар соҳаҳои аграрӣ фаъолият доранд ва паст намудани андозбандӣ дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи таҳлилҳо 27 фоизи гардиши маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба соҳаи аграрӣ тааллуқ дорад.
Аз ин лиҳоз, барои дастгирии ҳамаҷониба ва фароҳам овардани шароити мусоид барои равнақи ин бахш бояд тадбирҳои зарурӣ ҷоннок карда шавад, таъкид гардид дар ин ҷамъомад. Мувофиқи таҳлилҳо яке аз масъалаҳои калидие, ки ба беҳтар гардидани некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд, ин равнақ додани соҳибкории хурду миёна ба ҳисоб меравад, ки ин раванд ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷои кор дар дохили кишвар мусоидат менамояд.
Ҳозирин ҳамчунин масъалаҳои дигарро, ки ба рушди сармоягузорӣ ва рақобатпазир гардидани маҳсулоти дохилӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Март 20, 2015 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад