Таҷлили бошукӯҳи Наврӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Март 21, 2015 10:55

 Душанбе, 21.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- Аз фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварда, парда аз болои пайкараи Исмоили Сомонӣ бардошта, қасри бошуқӯҳи фарҳангии онро, ки ба тозагӣ бунёд ёфтааст, ифтитоҳ намуд ва бо мардуми сершумори ин ноҳия мулоқоти судманд анҷом дод.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов парда аз болои  пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ, поягузори нахустин давлати бузурги тоҷикон бардошта, майдони зебои атрофи он ва худи пайкараро ба сокинону меҳмонони ин ноҳия пешкаш намуд.
Тавре иттилоъ доданд, баландии пайкара 12 метр буда, атрофи он бо гулгашти зебое аз гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ ва ҳамчунин бо фаввораҳои бо рангҳои гуногун ҷилодиҳанда оро ёфтааст.
Гуфтанӣ аст, ки пайкараи Исмоили Сомонӣ ва гулгашти атрофи он бе харҷи маблағҳои буҷетӣ бо саҳмгузории соҳибкорону саховатпешагони маҳаллӣ дар пайравӣ аз сиёсати бунёдкорию ободонии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон омода шудаанд.
Дар навбати дуюм  аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлӯи майдони атрофи пайкараи Исмоили Сомонӣ қасри фарҳангии бошукӯҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов ифтитоҳ ёфт, ки бо намуди зоҳирӣ ва толорҳои зебои мунаққашу мунаввараш ба қасри овозадори Арбоб бисёр шабоҳат дорад.
Чунонки иттилоъ доданд, соли 2015 дар қаламрави вилояти Суғд соли рушди фарҳанг эълон шудааст ва дар назар аст, ки давоми сол бунёд ва тармиму навсозии як қатор иншооти фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои он анҷом ёбанд ва ин қаср аз ҷумлаи бузургтарин чунин иншооти фарҳангии навбунёд аст.
Тавре аён гардид, ин қаср бо тарҳу басо хуб омодашуда, ва намои зебои зоҳирию дохилӣ бо дастгирию ғамхории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтааст.
Даромадгоҳҳои қасри фарҳанг бо 50 шоҳсутун ва 82 нимсутун оро ёфта, ба намуди зоҳирии он шукӯҳи хос бахшидааст. Ин қасри бошукӯҳи дуошёна аз бинои марказӣ ва ду қанот иборат буда, 8,5 метр баландӣ дорад.
Толори асосии қасри фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов дорои 600 ҷои нишаст буда, аз ҷониби тарроҳону кандакорон, наққошону рассомон ва пардозгарони чирадаст хеле зебою назаррабо оро ёфтааст. Ин қаср ҳамчунин дорои чанд толори дигар, 33 ҳуҷраи корӣ ва утоқҳои ёрирасон мебошад.
Дар саҳни ҳавлии қаср Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми сершумори ноҳия дар ҳузури доираи васеи аҳли илму фарҳанг, ки аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷамъ омадаанд, мулоқот анҷом дода, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншооти муҳташами фарҳангии туҳфаи арзандаи наврӯзӣ номид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки ин қасри фарҳангӣ Гулистон номгузорӣ карда шавад.
Дар толори бошукӯҳи қасри мазкур барномаи дилнавозу руҳафзои фарҳангӣ намоиш дода шуд, ки боиси болида гардидани аҳли нишаст шуд.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли фарҳанги ноҳия барои офаридани барномаи дилнишини наврӯзӣ арзи сипос карда, ба онҳо 26 адад асбобҳои миллии мусиқӣ ва як фортопиано туҳфа намуд.
Дар толори бошукӯҳи қасри мазкур барномаи дилнавозу руҳафзои фарҳангӣ намоиш дода шуд, ки боиси болида гардидани аҳли нишаст шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
 

Март 21, 2015 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст
Доир ба нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз вохӯрӣ доир гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид