Таҷлили Рӯзи байналмилалии Наврӯз дар қароргоҳи ЮНЕСКО

Март 23, 2015 11:40

Душанбе, 23.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- 20 марти соли 2015 дар ш.Париж дар яке аз толорҳои бошукӯҳи қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз зиёфати идона барпо гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои доимии Афғонистон, Ироқ, Қазоқистон, Озарбойҷон, Покистон, Туркманистон, Туркия, Ҳиндустон ва Эрон дар назди Созмон бо дастгирии бевоситаи Мудири кулли ЮНЕСКО, хонум Ирина Бокова ороста шуд.
Дар маросими ҷашни Наврӯз роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими Париж, намоянадгони доимӣ дар назди ЮНЕСКО ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ, шахсони расмии Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар мақомоти Фаронса, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва воситаҳои ахбори оммаи Аврупо, инчунин аъзои диаспораҳои кишварҳои созмондиҳандаи ин чорабинӣ дар Белгия, Нидерланд, Швейтсария,  Италия ва Фаронса ширкат варзиданд.
Дар оғози чорабинӣ бо сухани табрикотӣ Мудири кулли ЮНЕСКО, хонум Ирина Бокова баромад намуд. Зимни суханрониаш И.Бокова нақши иди Наврӯзро дар рушди ҳамкории байнифарҳангӣ ва ҳамгироии кишварҳои ҷашнгирандаи ин ид басо баланд арзёбӣ карда, Наврӯзро ҳамчун ҳадяи арзишҳои таҳаммулпазирӣ, эҳтиром, гуногуншаклии фарҳангӣ ва сулҳу созиш номид.
Дар рафти базми идона мусиқиву таронаҳо садо доданд, навор оид ба анъанаҳои ҷашнгирии Наврӯз дар як қатор кишварҳо намоиш дода шуд, ба меҳмонон таомҳои миллӣ ва шириниҳои давлатҳои созмондиҳандаи чорабинии мазкур пешкаш гардиданд, инчунин намоишгоҳи ашёҳои рангини косибии миллӣ ва рамзҳои Наврӯз ороста шуд.
Дар чаҳорчӯби чорабинӣ мулоқоти дуҷонибаи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО, Сафир Рустамҷон Солиев бо Мудири кулли ЮНЕСКО, хонум Ирина Бокова барпо гардид, ки зимни он масоили мубрами ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф муҳокима шуданд.

Март 23, 2015 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!