Таҷлили Рӯзи байналмилалии Наврӯз дар қароргоҳи ЮНЕСКО
Душанбе, 23.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- 20 марти соли 2015 дар ш.Париж дар яке аз толорҳои бошукӯҳи қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз зиёфати идона барпо гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои доимии Афғонистон, Ироқ, Қазоқистон, Озарбойҷон, Покистон, Туркманистон, Туркия, Ҳиндустон ва Эрон дар назди Созмон бо дастгирии бевоситаи Мудири кулли ЮНЕСКО, хонум Ирина Бокова ороста шуд.
Дар маросими ҷашни Наврӯз роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими Париж, намоянадгони доимӣ дар назди ЮНЕСКО ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ, шахсони расмии Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар мақомоти Фаронса, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва воситаҳои ахбори оммаи Аврупо, инчунин аъзои диаспораҳои кишварҳои созмондиҳандаи ин чорабинӣ дар Белгия, Нидерланд, Швейтсария, Италия ва Фаронса ширкат варзиданд.
Дар оғози чорабинӣ бо сухани табрикотӣ Мудири кулли ЮНЕСКО, хонум Ирина Бокова баромад намуд. Зимни суханрониаш И.Бокова нақши иди Наврӯзро дар рушди ҳамкории байнифарҳангӣ ва ҳамгироии кишварҳои ҷашнгирандаи ин ид басо баланд арзёбӣ карда, Наврӯзро ҳамчун ҳадяи арзишҳои таҳаммулпазирӣ, эҳтиром, гуногуншаклии фарҳангӣ ва сулҳу созиш номид.
Дар рафти базми идона мусиқиву таронаҳо садо доданд, навор оид ба анъанаҳои ҷашнгирии Наврӯз дар як қатор кишварҳо намоиш дода шуд, ба меҳмонон таомҳои миллӣ ва шириниҳои давлатҳои созмондиҳандаи чорабинии мазкур пешкаш гардиданд, инчунин намоишгоҳи ашёҳои рангини косибии миллӣ ва рамзҳои Наврӯз ороста шуд.
Дар чаҳорчӯби чорабинӣ мулоқоти дуҷонибаи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО, Сафир Рустамҷон Солиев бо Мудири кулли ЮНЕСКО, хонум Ирина Бокова барпо гардид, ки зимни он масоили мубрами ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф муҳокима шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






