Тамдиди муҳлати патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ
Душанбе, 17.03.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 8 марти соли ҷорӣ Қонуни федералиро «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба моддаи 13.2-и Қонуни федералӣ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия» ва моддаи 6-и Қонуни федералӣ «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни федералӣ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия» ва баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Русия»-ро ба имзо расонид. Қонуни мазкур ба муҳоҷирони меҳнатӣ имкони тамдиди муҳлати патентҳои «кӯҳна», яъне патентҳоеро, ки дар соли 2014 дода шудаанд, фароҳам меорад.
Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, мувофиқи қонуни мазкур роҳбари субъекти Федератсияи Русия, ки дар соли 2014 беш аз сесад ҳазор патент дода шудааст, ҳуқуқи ба Хадамоти Федералии Муҳоҷирати Русия (ХФМР) бо дархости тамдиди эътибори патентҳое, ки дар соли 2014 дода шудаанд, то даврае, ки маблағи ҳуҷҷат пардохт мегардад, вале на зиёда аз 12 моҳ, аз рӯзи ба муҳоҷири меҳнатӣ додани чунин ҳуҷҷат, муроҷиат карданро дорад.
Қаблан мақомоти Маскав, ки дар соли 2014 — 800 адад патент додааст, хабар дод, ки баъди ба имзо расонидани қонун аз ҷониби Президенти Русия омодаанд барои ҳалли ин масъала фавран ба ХФМР муроҷиат намоянд.
Муҳоҷири меҳнатие, ки дар соли 2014 патент гирифтааст, акнун метавонад 4000 рубли русӣ дар як моҳ пардохт намуда, ба ин восита то 12 моҳ аз санаи гирифтани ҳуҷҷати мазкур муҳлаташро тамдид намояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






