Тантанаҳои бошукӯҳи идона дар назди қасри Арбоб
Душанбе, 23.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тантанаҳои бошукӯҳи идона бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар назди қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд идома ёфт.
Ба истиқболи Наврӯзи оламафрӯз саҳни қасри фарҳангии Арбоб ба таври идона оро ёфта, мардуми сершумори атроф ба он ҷо гирди ҳам омаданд.
Ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин базмгоҳи наврӯзӣ, ки ӯро беш аз 200 нафар зиёиёни эҷодкор аз тамоми гӯшаю канори кишвар ҳамроҳӣ мекунанд, ба тантанаҳои идонаи ин мавзеи таърихӣ шукӯҳи шоҳона бахшид.
Дар ин ҷо намоишгоҳи наврӯзӣ бо пешниҳоди анъана ва расму оинҳои миллӣ ороста шудааст, иборат аз нишони 20-солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, растаи ҳунарҳои мардумӣ, гӯшаи табиати зинда ва ва растаи ошпазону дигар таббохони миллӣ иборат аст.
Ҳунари адрасбофии дастӣ ва маҳсулоти тарроҳону пардозгарони либосҳои миллӣ, гулдӯзону зардӯзон, қолинбофон, чӯбтарошон, наққошону рассомон, оҳангарону мисгарон, устоҳои асбоби миллии мусиқӣ, зарфҳои дигар ва ашёи рӯзгор мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт.
Як растаи идона пур аз ошпазону суманакпазон ва таббохони дигар хӯроку хӯришҳои миллӣ буд. Барои танҳо оши палав қариб сӣ деги калон гузошта буданд, ки ҳамаи ба мардум ройгон пешниҳод карда шуд. Дар ин ҷо ҳамчунин озмуни беҳтарин оши палав гузаронда шуд.
Намоиши барномаҳои бадеии театрикунонидашуда, дорбозӣ ва албатта рақсу бозию дилхушӣ ва сурудҳо аз эҷодиёти шифоҳии мардумӣ басо ҷолибу диданӣ буд.
Дар варзишгоҳи қасри Арбоб намудҳои гуногуни бозиҳои миллӣ ба роҳ монда шуд.
Дар саҳни ҳавлии қасри овозадори Арбоб дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони сершумор аз тамоми ҷумҳурӣ барномаи фарҳангии идона бо номи Наврӯзи байналмилалӣ аз нигоҳи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон намоиш дода шуд, ки дар воқеъ таҷассумгари ҷаҳони рангину нозанини кӯдакон ва ботини поку мисли Наврӯзи оламафрӯз беолоиши онҳо буд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад






