Таркиши шадид дар назди бинои олии Миср

Март 3, 2015 14:27

Душанбе,03.03.2015. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-Мувофиқи иттилои Би-Би-Си дирӯз  дар назди бинои додгоҳи олии Миср — шаҳри Қоҳира таркиши шадид рух дода, дар ҷои ҳодиса 1 нафар ба ҳалокат расида, 9 каси дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Бояд гуфт, ки дар миёни захмиён се нафараш корманди мақомоти полис мебошад. Тибқи иттилои манбаъ ҷинояткорони номаълум муҳимоти таркандаро дар фосилаи 10 метр дуртар аз даромадгоҳи асосии бинои додгоҳи олӣ мунфаҷир намудаанд. То ҳол масъулияти ин амали террористиро ягон нафар ё гурӯҳи ҷиноятпеша ба уҳда нагирифтааст. 
 Душанбе,03.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои маҷаллаи «Форбес» Билл Гейтс бо 79 миллиарду 200 миллион доллар сарвати холис дар садри ҷадвали миллиардерҳои ҷаҳон қарор дорад. Гуфта мешавад, ки Билл Гейтс яке аз бунёдгузорони ширкати Майкрасофт ба шумор рафта, тавонистааст дар тӯли 21 соли гузашта 16 бор сарватмандтарин марди ҷаҳон эълон шавад. Ба гуфти  «Форбес», дувумин шахси сарватманди ҷаҳон низ дар ҳоли ҳозир тоҷири мексикоӣ Карлос Слим мебошад. Сарвати ӯ низ  77 миллиарду 100 миллион долларро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ки Слим  соли 2013  сарватмандтарин марди ҷаҳон шинохта шуда буд.
Душанбе,03.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки шабакаи интернетии хабаргузории ИРНА-и эронӣ дирӯз иттилоъ дод,  Созмони фарҳангӣ ва сайёҳии Эрон дар як нома ба раиси ЮНЕСКО, вазири саёҳат ва мероси фарҳангии Ироқ изҳори омодагӣ кардааст, то осори музейҳо дар дохили Ироқро то вақте ки субот ва оромиш ба он кишвар баргардад ва  ҳамчун амонат дар ихтиёр Теҳрон бигузорад. 
Вале то ҳол аз ҷониби ҳукуматдорони Ироқ ба номаи Эрон посух ва розигӣ дода нашудааст, мегӯяд манбаъ.
Душанбе,03.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ба гуфти намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Роҳат Сулаймонов, дар як суҳбати “мизи гирд” дар Бишкек вай дар бораи боздошти 37 нафар гумонбаре хабар дод, ки қасди ташкили ҳамлаҳо дар Қирғизистону Ӯзбакистонро доштанд. Роҳат Сулаймонов ҳатто зикр намуд, ки  онҳо  на фақат ҷалби шаҳрвандони мо ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ”, балки тарконидани бинои идораи амнияти миллӣ дар Андиҷонро доштаанд.
 
 

Март 3, 2015 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд