“Таронаи Ваҳдат”-Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ
Душанбе, 17.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ бахшида ба 3000-солагии Ҳисор Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии дастаҳои таронаву рақс ва дастаҳои фолклор-этнографиро бо номи “Таронаи Ваҳдат”, дар арафаи таҷлили ҷашни 70- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Фестивали минтақавии театрҳои халқӣ ва ҳаваскорони санъат — “Родмардони Ватан” ва Фестивали мусиқии “Даргилик”, Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон”, инчунин дар моҳи октябр бахшида ба “Соли оила” Фестивали ҷумҳуриявии дастаҳои оилавиро баргузор менамояд.
Вобаста ба баргузории Фестивали мусиқии “Даргилик” бояд тазаккур дод, ки дар Бадахшон сурудҳои мардумӣ хеле маъмул буда, жанрҳои фалак, мадҳияхонӣ, дафсоз (хонишҳои гурӯҳии доирадастон), даргилик, лалаик, булбулик, нанаик ва лапархонӣ ҳамчун падидаи нодир дар мусиқии суннатии мардум маҳсуб ёфта, то имрӯз мавқеи худро дар ҳаёти маънавӣ ва фарҳангии мардум нигоҳ доштаанд.
Даргилик навъе аз назми шифоҳии мардуми Бадахшон буда, ба мисли байт аз ду мисраи ҳамвазну ҳамқофия таркиб ёфта, аз нигоҳи сохти шеърӣ аз сатрҳои ҳаштҳиҷоӣ иборат аст. Мавзӯи асосии даргиликҳо фироқу ҷудоӣ мебошад. Гӯянда ё сарояндаи асосии даргилик занҳову духтаронанд, ки одатан бидуни сози мусиқӣ онро месароянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






