Таваҷҷуҳи ширкати «Зalik Enerji» ба лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон
Анкара, 13.03.2015. (АМИТ «Ховар», Муқим Малаев).- Имрӯз дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Анқара мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо Ҳалил Сарибай, директори рушди соҳибкории ширкати энергетикии «Зalik Enerji» (Чалик Энержи), Зalэk Holding (Чалик Холдинг) доир гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масоли ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва истеҳсолӣ дар соҳаи энергетика, сохтмони НОБ ва хатҳои интиқоли барқ, иншоот, саноати нассоҷӣ, кишоварзӣ, коркарди маъдан суҳбат оростанд.
Ҳалил Сарибай ба фазо ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҷиҳати иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои ҳамкорӣ моҳҳои наздик ба Душанбе сафар менамояд.
Ширкати энергетикии » Зalik Enerji» (Чалик Энержи) соли 1998 таъсис ёфта марказаш дар шаҳри Анқара қарор дорад ва ба «Зalэk Holding» (Чалик Холдинг) дохил мешавад. Дар самтҳои иктишофӣ кашфи кони нафту газ, истеҳсол, ҳамлу нақл ва фурӯши нафту газ, истеҳсол, интиқол ва фурӯши неруи барқ, дар лоиҳаҳо энергетика, хизматрасонии телекоммуникатсионӣ фаъолият мекунад. Ширкат дар Туркия, Ироқ, Афғонистон, Озарбойҷон ва Туркманистон лоиҳаҳои гуногунро амалӣ намудааст ва дар яҷоягӣ бо ширкати ENI Италия бунёди лӯлаи нафти Самсун — Ҷайхан кор мекунанд. Неругоҳҳои барқии ширкат дар Туркия ва Туркманистон фаъолият доранд.
«Зalэk Holding» (Чалик Холдинг) ширкатӣ туркӣ буда, соли 1997 таъсис ёфтааст ва марказаш дар шаҳри Истанбул қарор дорад. Холдинги мазкур соҳиби молу мулк дар соҳаи нассоҷӣ, энергетика, иншоот, молиявӣ, моддию техникӣ ва ВАО мебошад. Дар ширкат зиёда аз 19,000 нафар коргар фаъолият менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






