Тавилдара: Муҳокимаи масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ
Душанбе, 16.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар ҷамоати деҳоти Тавилдара ҳафтаи гузашта маҷлиси 1-уми вакилони ҷамоати деҳот даъвати 2-юм баргузор гардид, ки дар он 27 нафар вакил иштирок дошт. Баъд аз муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Тавилдара М. Раҳматов ба вакилон доир ба тағйироту иловаҳо дар қонунгузории нави ФР дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, гирифтани патент, супоридани (тест) имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия маълумоти мукаммал дода, аз онҳо хоҳиш намуд, ки барои ба рӯйхатгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсоне, ки аз қаламрави Федератсияи Русия хориҷ шудаанд бо ёрии раисони ҷамоат ва маҳаллаҳо мусоидат намоянд.
Муовини аввали раиси ноҳияи Тавилдара Қурбоналӣ Маҳмадов ва дигар вакилон пешниҳоди мудири бахши Хадамотро дастгирӣ намуда, фикру мулоҳизаҳои хешро нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ баён доштанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






