Тоҷикистону Ветнам -дар арзҳои дӯстӣ
Душанбе, 13.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ /ҶДРФТ/ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири нави Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фам Ван Фао мулоқот намуда, масоили ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар дар доираи ҶДРФТ, тақвияти дӯстӣ, ташкил намудани чорабиниҳои фарҳангии муштарак дар Тоҷикистону Ветнамро баррасӣ намуданд.
С. Хайруллоев таъсиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон — Ветнам» дар соли гузаштаро аз иқдомҳои муассир дар рушди равобити Тоҷикистону Ветнам арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки таъсиси ин ниҳоди фарҳангӣ метавонад барои густариши ҳамкориҳо ва тақвияти дӯстӣ миёни мардумони ду кишвар мусоидат намояд. Муаррифии фарҳанг, расму оини қадимаву имрӯзаи тоҷик ба мардуми Ветнам ва миллати ветнамӣ ба мардуми тоҷик ва ташкили намоиши китобҳои тозанашр аз фаъолиятҳои асосии Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон — Ветнам» маҳсуб меёбад.
С. Хайруллоев ба дипломати ветнамӣ дар бораи фаъолияти ҶДРФТ ва ниҳодҳои он маълумот дода, гуфт, ки дар назди ҷамъияти мо 22 анҷумани дӯстӣ фаъолият мекунад ва саҳми онҳо ба густариши муносиботи фарҳангӣ ва таҳкими дӯстӣ байни мардумони кишварҳоямон мусоидат менамояд.
Дипломати ветнамӣ -Фам Ван Фао аз тасмими роҳбарияти кишвараш ҷиҳати таъйини ӯ ба ҳайси сафир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, гуфт, ки ба ҳайси Сафири Фавқулода ва Мухтори Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми дониш ва cаъю талоши худро барои рушди равобити гуногунсоҳа бо Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода хоҳад кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






