Убайдуллоев ба саволҳои нозирони байналмилалӣ посух гуфт

Март 1, 2015 11:49

Душанбе, 01.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати нозирони байналмилалӣ аз Парлумони Аврупоро, ки таҳти роҳбарии Норберт Нойзер  ба Тоҷикистон омадаанд, ба ҳузур пазируфт.
М. Убайдуллоев ташрифи ҳайати нозиронро, ки ҷараёни баргузории интихоботи парлумониро мушоҳида мекунад, нек арзёбӣ карда, саҳми Иттиҳоди Аврупо ва Парлумони онро дар татбиқи барномаҳои муштараки байнипарлумонӣ ва давлатӣ махсус таъкид намуд. 
Дар вохӯрӣ раиси Маҷлиси миллӣ ба саволҳои ҳайати нозирони байналмилалӣ, ки фарогири масоили марбут ба интихоботи парлумонӣ, институти қонунгузории кишвар,  амнияти минтақаву Афғонистон ва тавсеаи робитаҳои мутақобила бо Иттиҳод ва Парлумони Аврупо  буданд, посухҳои мушаххас  дод. 
Норберт Нойзер гуфт, ки риоя ва эҳтироми Тоҷикистон ба арзишҳои демократӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шоистаи дастгирист ва раванди баргузории интихоботи парлумонӣ метавонад онро собит намояд. 
    Ҳамзамон 28 феврал М. Убайдуллоев ҳайати бонуфузи нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи Байнипарлумонии  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти роҳбарии  Андрей Наумович -раиси Комиссияи доимии Палатаи намоядагони Маҷлиси миллии  Ҷумҳурии Беларусро ба ҳузур пазируфт. 
 

Март 1, 2015 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид