ВКД ҶТ: баргузории чорабинии варзишӣ бахшида ба Наврӯз
Душанбе, 16. 03. 2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Ҳафтаи сипаригардида дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод С. Айнии пойтахт мусобиқаи инфиродӣ-даставӣ оид ба «Дав» (кросс) байни Сарраёсат, раёсатҳо, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ, РВКД дар ш. Душанбе, вилояти Хатлон, минтақа ва ноҳияи Рашт, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бахшида ба фарорасии Иди байналмиллалии Наврӯз таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ дар соли 2015» баргузор гардид.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дар ин мусобиқа 14 даста ва 70 варзишгар иштирок намуданд. Дар мусобиқаи «кросс», яъне давидан барои мардон масофаи 3000 метр ва барои занону бонувон 1000 метр пешбинӣ шуда буд.
Бояд зикр намуд, ки зимни мусобиқа байни мардон (3000 м) ҷойи аввалро бо натиҷаи 10,46 дақиқа Баҳодур Мақсудов — намояндаи Академияи ВКД, ҷойи дуюмро бо натиҷаи 11,19 дақиқа Ҷовиди Алихон — намояндаи Қисми минтақавии РВКД вилояти Хатлон дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб ва ҷойи сеюмро намояндаи дигари Академияи ВКД Фаррух Шамсиев бо натиҷаи 11,41 дақиқа соҳиб гардиданд. Дар мусобиқаи байни занон (1000 м) зинаи якумро шунавандаи Академияи ВКД Руҳафзо Саидова (4,26 дақиқа), ҷойи дуюмро Қурбонбегим Толибекова — корманди Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД (5,00 дақиқа) соҳиб гашта, ҷойи сеюм насиби шунавандаи дигари Академияи ВКД Мавзуна Салимова (5,19 дақиқа) гардид. Ба ғолибони мусобиқа аз ҷониби Кумитаи тадорукот медал, «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.
Аз натиҷаи иштироки фаъолонаи варзишгарон дастаи Академияи ВКД пешсаф гардида, зинаҳои дуюму сеюмро дастаҳои Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ишғол намуданд. Ба сардорони дастаҳои ғолиб диплом ва Ҷоми мусобиқа супорида шуд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






