Вохӯрии Гурӯҳи корӣ оид ба ислоҳоти милитсия
Душанбе, 12.03.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба ислоҳоти милитсия бо иштироки муовини вазири корҳои дохилӣ Умарзода Икром Ислом, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар, намояндаи дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, мушовири шуъбаи мубориза бар зидди терроризм ва мусоидат ба ислоҳоти милитсия Петер Хайнек ва дигар аъзои гурӯҳи корӣ баргузор гардид.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки ҷаласаро муовини вазири корҳои дохилӣ Умарзода Икром Ислом оғоз намуда зикр кард, ки мақсади чорабинии мазкур муайян ва тасдиқ намудани рӯйхати аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, баррасии ҷараёни иҷрои ислоҳоти милитсия, таҳияи нақшаҳои корӣ ва пешниҳоди лоиҳаҳо ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ мебошад.
Дар ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ фикру мулоҳизаҳои худро барои беҳдошти кор дар самти ислоҳоти милитсия иброз доштанд. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар интихоби номзадҳои гурӯҳи кории Шӯрои ҷамъиятӣ бештар афзалият ба нафароне дода мешавад, ки дониши ҳуқуқӣ дошта, аз санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ бархурдоранд. Инчунин намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ ва рӯзноманигорону ҷавонон имконияти бештар дошта, дар тақвият додани ҳамкориҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо милитсия мусоидат карда метавонанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






