Вохӯрии кормандони Хадамоти муҳоҷират дар Тавилдара
Душанбе, 10.03.2015.( АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Мулоқоти кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират бо фаъолон, раисони маҳалла, директорони мактаб, ҷавонону занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар деҳаи Ёзғанди ноҳияи Тавилдара доир гардид. Дар вохӯри сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Тавилдара Муҳаббат Раҳматов оид ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия, супоридани имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории ФР, инчунин гирифтани Патент суҳбат намуд.
Кобили кайд аст, ки дар вохўрӣ зиёда аз 84 нафар сокинони маҳалла иштирок намуданд.
Меҳриддин Каримов, раиси маҳаллаи Ёзғанд фикру мулоҳизаҳои хешро оид ба робитаи муҳоҷирон бо падару модар ва зану ҳамсарони хеш, инчунин дурӣ ҷустан аз равияҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ баён намуд.
Дар фарҷом ба саволҳои иштирокчиён аз тарафи кормандони бахш ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, буклетҳо ва рӯзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» ба аҳли деҳа дастрас шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






