Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Бенилюкс
Душанбе, 31.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- 27 марти соли 2015 дар ш.Брюссел вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Белгия, Нидерланд ва Люксембург (Бенилюкс) оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ Мигел Кардон де Лихтбауэр ва ноиби ӯ Конрад Микелсон баргузор гардид.
Зимни сӯҳбат масоили ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба ва робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои Бенилюкс муҳокима шуданд.
Сафири Тоҷикистон ба мусоҳибон оид ба вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар, чораҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин соҳаҳои авлавиятноки иқтисодиёти миллии мавриди ҳавасмандии сармоягузорон ва доираҳои соҳибкории хориҷӣ маълумоти муфассал дод.
Ба намояндагони баландпояи Палатаи савдо ва саноати Бенилюкс ҳамчунин маводҳои иттилоотӣ оид ба имконоти сармоягузории Тоҷикистон супорида шуданд. Онҳо омодагию ҳавасмандии махсуси худро оид ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Тоҷикистон иброз доштанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






