Ярмаркаи фурӯши маводи ғизоӣ дар Душанбе

Март 6, 2015 14:34

Душанбе, 06.03.2015. (АМИТ Ховар, Рафоати Абдулҳамид).- Масъулини Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи навбатии фурӯши маводи ғизоиро барои сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе баргузор намуд. Дар ярмарка навъҳои гуногуни маводи ғизоии ниёзи аввал пешкаши харидорон  шуд.
Тавре ки гуфта шуд, маҳсулоти ярмарка дар қиёс ба нархи бозор нисбатан арзонтар буд. Дар маҷмӯъ, дар ярмарка 30 тонна орд, 6 тонна шакар, 6 тонна маҳсулоти донагӣ, 6 тонна биринҷ, 3 тонна равған ва навҳои гуногуни маҳсулоти консерва пешкаши хоҳишмандон гардид. 
Тавре ки иттилоъ дода шуд, имрӯзҳо бо мақсади муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозорҳои кишвар ва мусоидат ба ғанӣ гардонидани дастурхони сокинон аз ҷониби намояндагиҳои Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии кишвар ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокӣ ҷараён дорад.

Март 6, 2015 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст