«Зан — чароғи хонадон»-конфронси илмӣ

Март 3, 2015 14:20

Душанбе,03.03.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар факултети педагогии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмӣ — амалӣ дар мавзӯи «Зан- чароғи хонадон» баргузор гардид.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар он сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд Фирӯза Раҳимова, муовини ректор  оид ба тарбия  Муъминҷон Шамсиддинов иштирок намуданд.
Дар конфронс Фирӯза  Раҳимова оид ба мавзӯи  «Мақоми  зан дар оинаи фарҳанги миллии даврони истиқлолият» гуфт,  ки давлату миллат барои зан- модар тамоми шароитро фароҳам овардааст, то онҳо дар пешрафти соҳаҳои муҳими ҷамъиятӣ саҳми назарраси худро гузоранд. Аз ин рӯ мебояд ҷидду ҷаҳд намоем, ки ба боварии давлату ҳукумат сазовор гардем.
Дар интиҳои чорабинӣ донишҷӯёни факултаи педагогӣ бо барномаи фарҳангиву фароғатиашон табъи ҳозиринро болида намуданд.
 
 
 

Март 3, 2015 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад