Ғалабаи Х. Завурбеков дар мусобиқоти ҷаҳонӣ
Душанбе,20.04.2015 (АМИТ «Ховар» Лайло Тоирӣ).- Гӯштигири тоҷик Хушқадам Завурбеков дар мусобиқоти байналмилалӣ аз рӯи гуштии тарзи панкратион дар шаҳри Владивосток бар варзишгари шаҳри Находка Иля Зелик ғолиб омад.
Дар ин мусобиқот варзишгарони Русия, Хорватия, Нидерланд ва Ҷопон иштирок доштанд. Мусобиқот бо ибтикори Федератсияи гӯштии тарзи панкратиони Шарқи Дур роҳандозӣ шуда буд.
Тавре, ки аз Созмони минтақавии ҷамъиятии «Конгресси халқхои эронзабон» — и Нижний Новгород ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Хушқадам Завурбеков зодаи Тоҷикистон буда, 8 январи соли 1991 таваллуд шудааст. Мавсуф ҷоизи Шарқи Дур аз рӯи гӯштии панкратион ва қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи мухорибаи танбатан мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






