Ғалабаи «Хуҷанд» бар дастаи «Парвоз» дар Лигаи олӣ
Душанбе, 21.04.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон) — Бозиҳои даври дуюми мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ рӯзи 18 апрел баргузор шуданд. Дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ аз дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрд. Голҳоро Иброҳим Рабимов, Аҳтам Ҳамроқулов ва Ҳасан Рустамов ба самар расониданд.
Бозии дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе бо дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии пойтахт бо ҳисоби мусовии 0-0 ба анҷом расид.
Бояд тазаккур дод, ки бо сабаби зиёд шудани теъдоди дастаҳои ширкаткунандаи сабқати Лигаи олӣ, Лигаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии кишвар бо ширкати даҳ даста дар ду давра гузаронида шавад. Дар арафаи мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар масъалаи маблағгузории бошгоҳи футболи «Энергетик»-и Душанбе ҳал шуд. Ин даста, ки ширкаткунандаи даҳуми чемпионати Тоҷикистон-2015 мебошад, имсол «Барқи тоҷик» ном гирифт.
Лигаи миллии Тоҷикистон тақвими бозиҳои чемпионатро, ки аз се давра иборат буд, тағйир дод ва акнун дастаҳо дар ду давра бозӣ мекунанд.
Бояд зикр намуд, ки ҳар як даста имсол 18 бозӣ анҷом медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






