Ҳавлирӯби беҳтарин дар «Хоҷа -обигарм» истироҳат мекунад
Душанбе, 20.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҳалима Муродова беҳтарин ҳавлирӯби пойтахт эълон гардида, ба вай шаҳрдории Душанбе дар маросими таҷлили Рӯзи пойтахт диплом, як адад телевизор ва роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа обигарм»-ро тақдим намудааст. Ҳалима Муродова корманди Муассисаи давлатии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт мебошад.
Инчунин тибқи ҷамъбасти озмунҳои шаҳрӣ «Кооперативи соҳибмулкони манзили Парвоз»-и ноҳияи Шоҳмансур беҳтарин коперативи соҳибмулкони манзил ва бинои истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Матросов, гузаргоҳи 4,хонаи 31, беҳтарин манзил дар пойтахт арзёбӣ гардида, ба онҳо диплом ва як маҷмӯъ компютер бо мизу курсӣ тақдим шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






